Википедия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Википедия
Wikipedia-logo.png
Www.bywiki.com screenshot 2018.png
Саҳифаи аввали Википедия
URL:

wikipedia.org

Тиҷоратӣ:

Не

Шакли сайт:

интернет-донишнома

Сабтином:

ғайриҳатмӣ[1]

Забон(ҳо):

298

Мавқеи сервер:

 ИМА: Тампа, иёлати Флорида

Соҳибҳуқуқ:

Фонди Викимедиа[2]

Муаллиф:

Ҷими Вейлс ва Ларри Сенгер

Оғози кор:

15 январи 2001

Commons-logo.svg Википедия дар Викианбор

Википедия (англ. Wikipedia, тал. [ˌwɪkɨˈpiːdiə] ё [ˌwɪkiˈpiːdiə]) — энсиклопедияе мебошад, ки дар асоси технологияи викӣ офарида шудааст ва озодона дар шабакаи Интернет ба 298 забонҳои модарии халқҳои чаҳон дастрас мебошад. Википедия аз ҷониби ҳамаи хоҳишмандон ривоҷ меёбад. Аз ибтидои ташкилёбӣ, соли 2001, Википедия ба донишномаи машҳуртарин табдил ёфта, рӯз то рӯз пурратар мегардад. Истифода аз Википедия барои 298 забонҳои чаҳон озод ва ройгон аст.

Таърих[вироиш]

Хусусияти хоси Интернет-энсиклопедияи Википедия (ба туфайли технологияи wiki, ки асоси корбарии торномаи онлайнӣ аст) аз он иборат аст, ки вироиш ва таҳрири мақолаҳоро ҳар як шахси истифодабарандаи шабакаи Интернет, ки низоми Википедияро риоя мекунад, мавриди истифода, яъне навиштаву (вироишу) таҳрир карда метавонад. Дар баробари ин, дар аксар ҳолатҳо, ҳатто бе сабти ном дар сомона вироиш ва таҳрири мақолаҳо имконпазир мебошад. Кулли тағйиротҳои ба ягон мақолаҳои ин энсиклопедия ворид намудаи чунин ихтиёриён дарҳол ба ҳамаи муштариёни сомона маълум мегардад. Википедия аз ҷониби ихтиёриёни кулли ҷаҳон ба зиёда аз 298 забонҳои ҷаҳонӣ эҷод карда мешавад. Дар он зиёда аз 47 миллион мақолаҳо ба забонҳои халқхои гуногуни дунё ҷойгир шудаанд. Интернет-браузери Википедия аз рўи миқдори зиёраткунандагон, дар ҷойи 5 байни сомонаҳои ҷаҳонӣ мебошад — ҳар моҳ ба сомона қариб 480 миллион нафар одамон ворид мешаванд.

Дар ибтидои асри XXI, 15 январи cоли 2001 пас аз дар шабакаи Интернет ба кор андохтани Википедия аз ҷониби Ҷими Вейлс ва Ларри Сенгер, он ба яке аз бузургтарин ва аз ҳама маъмултарин маълумотномаи Интернетӣ мубаддал гаштааст. Аз рўи ҳаҷми иттилоот ва фарогирии мавзӯъҳо Википедия энсиклопедияи аз ҳама пурратарин ва беҳтарин дар таърихи башарият мебошад. Яке аз ҷиҳатҳои хуби Википедия ҳамчун энсиклопедяи универсалӣ, фароҳам овардани имконияти пешниҳоди иттилоот ба забони модарии корбарон мебошад, ки ба ҳамин васила қиммати иттилооти воридшударо, ҳамчун ҷанбаи фарҳангӣ нигоҳ медорад.

Шумораи мақолаҳои Википедия[вироиш]

То 1 январи соли 2018 дар Википедия 298 қисматҳои забонҳои ҷаҳонӣ (аз он ҷумла 288-тои он фаъол) мавҷуданд. Аз ҷумла, 13-тои аввали он (википедияҳои забонӣ) зиёда аз 1 миллион мақола, 45-тоаш (аз ҷойи 14 то 59) аз 100 ҳазор то 1 млн. мақола, 97-тоаш (аз ҷойи 60 то 137) зиёда аз 10 ҳазор то 100 ҳазор мақола (аз ҷумла ба забони тоҷикӣ) ва 111 (аз ҷойи 138 то 249) қисматҳо зиёда аз 1 ҳазор то 10 ҳазор мақола доранд. Ҷамъи ҳамаи мақолаҳои ба забоноҳои гуногун вироишгардида то 15 январи соли 2018 - 47,274,367 мақола (аз ҷумла зиёда аз 181 млн. саҳифаро дарбар мегирифт). Дар пурра гардонидани лоиҳаи Википедия зиёда аз 72 млн. корбарони ихтиёрӣ ройгон саҳми хешро гузоштаанд.[3]

Сухани Ҷими Вейлс доир ба Википедия[вироиш]

« Wikipedia як донишномаи озоди мардумӣ ва ҷаҳонист. Дар он метавон ҳама гуна иттилоотро пайдо кард. Шояд саволе нест, ки посухи он дар Википедия набошад. Истифода аз ин иттилоъ озод ва ройгон аст. Гузашта аз ин ба наздикӣ сомонаи тоҷикии Википедиа дар шабакаи ҷаҳонии интернет нашр хоҳад шуд. Ин муждаи Наврӯзист! Муборак!
»

[4]

Лоиҳaҳои дигар

Википедиа — лоиҳае аз бунёди ғайри давлатии Викимедиа, ки дорои теъдоди лоиҳаҳои бо якчанд забон ва озод аст:

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Логотип «Мета-вики»
Дар «Мета-вики» саҳифаи «Category:Wikipedia» ҳаст

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашмаҳо[вироиш]