Элок

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Деҳа
Элок
Элок-10.05.2015.jpg
Кишвар

Тоҷикистон

Вилоят

НТҶ

Ноҳия

Файзобод

Ҷамоат

Деҳоти Қалаидашт

Координатаҳо

38°59′00″ а. шим. 69°52′00″ т. ш.HGЯO

Тақсимоти дохилӣ

5 маҳалла

Раиси маҳалла

Пиров Гадо

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Аҳолӣ

4211 нафар (2017)

Вақти минтақавӣ

UTC+5

Коди телефон

+992 3135

Коди мошин

TJ08

Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Элок дар харитаи
Элок
Элок

Элок — яке аз калонтарин деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қалаидашти ноҳияи Файзобод мебошад. Аҳолиаш 2949 нафар (2010), тоҷикон. Аз 524 хоҷагӣ иборат аст.

Иқтисодиёт[вироиш]

Деҳа як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи таҳсилоти миёна, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, хонаи саломатӣ, 41 хоҷагии деҳқонӣ, 7 мағоза, 2 дорухона, сартарошхона, коргоҳи дӯзандагӣ, бустонсаро, хоҷагии колективии «Элок», осиёи обӣ, 2 осиёи барқӣ, сехи коркарди чубу тахта, нуқтаи фурӯши маҳсулоти сӯзишворӣ, гӯшаи деҳқон, автосервис, устохонаи оҳангарӣ, 2 толори варзишӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти шири ҶДММ «Сӯҳробҷон», корхонаи истеҳсоли обҳои нушокии минералию ранга, масҷиди ҷомеи марказӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Мақбараи Шайх Абдураҳими Давлат ва масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Файзобод дар ҳамин деҳа ҷойгир аст.[1]

Элоки офтобӣ

Маҳалаҳои Элок[вироиш]

Маҳалаҳои деҳаи Элок
Маҳала Аҳолӣ
Элоки Калон
Элоки Боло
Элоки Поён
Гулихайри Боло
Гулихайри Поён

Таърих[вироиш]

Шаҳри Элок (Илок) дар масофаи як рӯза роҳ дар шарқи Вашгирд воқеъ буд ва Истахрӣ онро охирин шаҳри Вашгирд дар марзи Рошт гуфтааст. Ҳоло яке аз деҳаҳои ноҳияи Файзобод ва ҳам рӯде, ки аз ҳудуди ин ноҳия гузашта ба дарёи Кофарниҳон мерезад, Элок ном доранд. В. В. Бартолд вайронаҳои истеҳкоми Қалъаи Даштро макони шаҳри асримиёнагии Элок мешуморад. Дар харитаи асри 19-и ин мавзеъ дар шимолу шарқи Файзобод, миёни ин ноҳия ва Оби Гарм маҳалле бо номи Элокдара қайд шудааст, ки эҳтимол маҳалли аслии Элоки асримиёнагӣ дар он воқеъ бошад.

Шахсиятҳои маъруфи Элок[вироиш]

Аз шахсиятҳои маъруфи деҳа инҳоро номбар кардан мумкин аст: пирони тариқати нақшбандия Ҳазрати Бузургвор, Эшони Шайх, Махдуми Зубайдуллоҳ, собиқ муовини Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Домулло Маъруфҷон Раҳимзода, сархатиби Масҷиди марказии «Яккачинор»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Эшони Ҳамдулло (Раҳимов), сархатиби Масҷиди марказии ноҳияи Файзобод Эшони Қори Носир, адабиётшинос Боймурод Шарифзода, устодони ДМТ Файзалӣ Аминов, Исмоил Бобиев, Муҳриддин Низомов, Авзалшо Зарипов, олимони ПРМ Салоҳуддин Амонӣ, Сайфиддин Камолзода, Қурбоналӣ Зиёев, номзади илмҳои иқтисод, Раиси Шурои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Забҳулло Нуруллоев, шоир Усмон Шарифзода, сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» Хӯҷаназари Аминиён, ҷонишини сармуҳаррири СИ ЭМТ Неъматулло Акбаров.

Иштирокдорони ҶБВ[вироиш]

Аз деҳаи Элок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нафарони зиёде ширкат доштаанд, аз ҷумлаи онҳо Абдуллохон Фатҳиддинов, Одинахуҷа Зиёев[2], Бобӣ Раҳимов, Достӣ Садриддинов, Абдулҳай Муҳиддинов, Аҳмадхон Фатҳиддинов, Сабур Зукуллоев, Сафар Аминов, Ҳикматулло Абдуллоев ва дигарон мебошанд.

Манзараи умумии деҳаи Элок
Манзараи умумии деҳаи Элок

Аксҳои Элок[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

  1. Деҳаи Элок дар расмҳо аз нигоҳи ман…
  2. Сайре ба дехаи Элоки Файзобод — бахши якум
  3. Сайре ба дехаи Элоки Файзобод — бахши дуюм
  4. Дар сайти http://www.elok.ucoz.com/ метавонед донистаниҳое дар бораи деҳаи Элок дастрас кунед.

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4
  2. Убайдулло РАҲИМОВ. ҚИССАИ ҚАҲРАМОНИ 103-СОЛА. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". jumhuriyat.tj. 7 июни 2017 санҷида шуд.

Сарчашма[вироиш]

© DuSTMuRoD SaiD